МУЛОҚОТ: ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ-ОРОМӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА
Имрӯз, санаи 28.01.2026, мулоқоти директори донишкада Хурсанд Содиқзода бо хатмкунандагони тамоми ихтисосҳои донишкада баргузор шуд.
Директори донишкада мулоқотро ҳусни оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки пешрафт, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мо бо заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, донишҷӯёнро зарур аст, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ соҳиби касбу ҳунар гардида, ба ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд.
Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯзаи давлату давлатдорӣ, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои мутамаддуми олам сохти давлати миллиро ихтиёрдорӣ намуда аст, мақоми худшиносии миллӣ дар ташаккул ва инкишофи он мавқеи муайянро соҳиб гаштааст.
Шуҷоат ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон ҳамеша намунаи пайравӣ аст. Мо ҳамеша пайрави ташаббусу пешниҳодҳои хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳа ҳастем. Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ сертаваҷҷуҳанд ва мардуми кишварро ба дарки бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ ҷалб мекунанд.
Сипас, муовини директор оид ба таълими донишкада Мазбут Холиқзода роҷеъ ба омода намудани рисолаи тахассуси хатм, марҳилаҳои таҳсили ҷорӣ, таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ маълумот дода, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз фурсати қулай барои омода намудани рисолаҳои хатм аз тамоми имконоту захираҳо истифода бурда, барои босифат анҷом додани он сайъу кӯшиш намоянд.
Муовини директор оид ба тарбия Гулшан Довудов ва ҳуқуқшиноси донишкада Сафар Алиев доир ба таҳкими худшиносии миллӣ ва дӯст доштани ватану миллат андешаронӣ намуда, аз таъкид доштанд, ки ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намоянд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО