ВАТАН – ТОҶИКИСТОН, ПОЯИ ҲАСТӢ ВА САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин неъмат ба ҳисоб меравад. Он на танҳо макони зист, балки сарчашмаи таърих, фарҳанг, забон ва худшиносии миллӣ мебошад. Барои мо, тоҷикон, Ватан пеш аз ҳама Тоҷикистон аст — кишвари куҳанбунёд, дорои таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва мардуми соҳибтамаддун.
Тоҷикистон сарзамини аҷдодони бузург, олимону шоирони маъруф, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ ва дигар нобиғагони тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозад. Ҳифз ва рушди забони давлатӣ нишонаи муҳими ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таърихии рушди кишварро оғоз бахшид. Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон соҳиби сиёсати мустақил, рамзҳои давлатӣ ва роҳи махсуси рушди худ гардид. Ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ заминаи асосии пешрафти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар даврони муосир тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад. Ҷавонон бояд таърихи миллат, қаҳрамонони миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро хуб донанд. Танҳо бо донистани гузашта ва дарки масъулияти имрӯз метавон ояндаи дурахшони кишварро бунёд кард.
Ҷавонони Тоҷикистон неруи созандаи ҷомеа мебошанд. Омӯзиши илм, аз худ кардани касбу ҳунар, риояи қонунҳо, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ — ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ шаклҳои асосии хизмат ба Ватан маҳсуб меёбанд. Ҳар як донишҷӯ бояд дарк намояд, ки пешрафти Тоҷикистон аз кӯшишу масъулияти ҳар фарди ҷомеа вобаста аст.
Нақши омӯзгорон дар тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон хеле муҳим мебошад. Омӯзгор бо сухани созанда, дониши амиқ ва мавқеи шаҳрвандии худ метавонад дар қалби донишҷӯён муҳаббат ба Тоҷикистон, эҳсоси ифтихор аз миллат ва масъулият барои ояндаи давлатро парвариш намояд. Бояд соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бояд ба таҳкими худшиносии миллӣ равона карда шаванд.
Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост. Дӯст доштани Ватан дар сухан не, балки дар амал зоҳир мегардад. Бо меҳнати ҳалол, дониши мукаммал, ахлоқи нек ва садоқат ба давлат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад дар рушду ободии кишвар саҳми арзанда гузорад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем Тоҷикистони ободу пешрафта ва ояндаи дурахшони миллатро таъмин намоем.
Машҳура Исмоилова,
устоди ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд