СЕМИНАР: РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ – ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДОНИШКАДА
Семинари навбатии таълимӣ-методии донишкада бо мақсади таъмини сифати маводи таълимӣ, стандарту барномаи таълим, китобҳои дарсӣ ва роҳнамоҳои методӣ барои омӯзорон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишкада оид ба татбиқи “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044”, дар мавзӯи “ Низоми ягонаи таҳияи маводҳои таълимӣ – методӣ, аз ҷониби шӯъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ баргузор гардид.
Дар семинар маърӯзаи устоди донишкада Меҳрубон Мирзоева оид ба “Тартиби таҳияи КМД: амалӣ, лабораторӣ, кори курсӣ ва лоиҳаи тахассусӣ” шунида шуд. Ҳамчунин мавзуъи “Хусусиятҳо ва тартиби таҳияи рисолаи хатм дар зинаи таҳсилоти бакалавриатура ва магистратура дар доираи васеи ҳайати илмию омӯзгорӣ, гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии сифати таҳсилот ва дигар нафарони вобастаи донишкада пешниҳод гардид.
Зимни баргузории семинар иброз гардид, ки яке аз унсурҳои таъмини сифат ин сатҳи бо маводҳои таълимию методӣ таъмин будани раванди таълим мебошад. Вобаста ба ин, ҳар як омӯзгор бояд дар заминаи риояи санадҳои меърию ҳуқуқии соҳа “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020”, «Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» соли 2024, ва «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» соли 2025 маводҳои таълимию методии заруриро омода намоянд.
Бояд қайд намуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.С. Осимӣ дар самти беҳтар намудани сифати таълим, рушди илм, махсусан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, як қатор семинару машварат ва чорабиниҳо роҳандозӣ намудаанд, ки ин ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО