ТАЪИНОТ: ФАРҲОД МАҲМУДӢ, МУОВИН ОИД БА КОРҲОИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАЪИН ШУД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъғироти кадрӣ амалӣ карда шуд.
Бинобар ба синни ниҳоии нафақа расидани муовини директор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Усмонҷон Ахмедов аз вазифа озод ва ба ин маснад тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Маҳмудӣ таъин гардид.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҷомеаи меҳнатиро бо фармоишоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода шинос намуда, ба Усмонҷон Ахмедов баҳри фаъолияти бенуқсон, дастовардҳои беназир ва хизматҳои шоёнаш арзи миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин ба Фарҳод Маҳмудӣ, муовини тозатаъин оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти назаррас ва афзун намудани дастовардҳо дар самти назари фаъолият бурдбориҳо таманно намуд.
Бояд қайд намуд, ки Фарҳод Маҳмудӣ баъди хатми мактаб ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осими (ДПДТТХ) бо тавсияи Шўрои олимони факултет ба аспирантураи ин донишгоҳ дохил шудааст. Аз соли 2012 ба ҳайси муаллим – коромӯзи кафедраи агротехнологияи ДПДТТХ (2012-2013), мутахассиси маркази тестии ДПДТТХ (2013-2015), ассистенти кафедраи агротехнологияи ДПДТТХ (09-11 соли 2015), омӯзгори калони кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияии ДПДТТХ (аз соли 2015), сардори сектори сифати маводҳои имтиҳонии маркази тестии ДПДТТХ (2015-2017), аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи майи соли 2023 мудири шуъбаи таълими ДПДТТХ фаъолият бурдааст. То таъин шудан ба вазифаи муовини тозатаъин оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ҳамчун сардори маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо фаъолият дошт.
Cоли 2018-ум дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон рисолаи номзадиро бо муваффақият дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 12 мақолаи илмӣ, 1 монография мебошад.
Иштирокчии барномаҳои байналқии Bioversity international “Устувории биогуногунии генетикии чормагз, себ ва зардолу дар Осиёи Миёна” (2013-2016), Higher Education for Central Asia Food Systems and Standards (HECAFS) - Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ (2016-2018), Professional Education and Training in Central Asia - Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ (2017), «TAEETT – Интиқоли дастовардҳои технологияҳои таълимии аврупоӣ дар соҳаи технологияи истеҳсоли хӯрокворӣ дар Тоҷикистон»-и барномаи грантии Созмони ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон (GIZ) PECA Nr. 20.2212.7-003.00 – “Professional Education for Sectors of Economic Growth in Central Asia” буда, дорандаи зиёда аз 10 сертификатҳои байналҳалқӣ мебошад.
Аъзои Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон буда, соли 2016 бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2020 бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО