МАҚОМИ АВВАЛИ БОНУВОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ
Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни бонувони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.
Чорабинии варзишӣ дар толори ташкилоти ибтидоии «Сомон»-и назди Кумитаи маҳаллаи «Суғдиён»-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он дастаҳои як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд. Мусобиқа дар фазои дӯстӣ, рақобати солим ва рӯҳияи баланди варзишӣ сурат гирифт.
Дар натиҷаи рақобатҳои ҷолиб ва пуршиддат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа се даста роҳ ёфтанд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ:
Ҷои якум — дастаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ;
Ҷои дуюм — дастаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»;
Ҷои сеюм — дастаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров».
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ Мунзифа Абдуссатор иштирок намуда, баромад кард. Зимни суханронии худ ӯ аҳаммияти рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва нақши чунин чорабиниҳоро дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии шаҳрвандон махсус таъкид намуд.
Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон Ҷом, медал ва дипломҳо супорида шуда, ба доварон барои саҳми арзандаашон дар баргузории мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Чорабинӣ бо таассуроти нек ва руҳияи болида анҷом пазируфт.
Раёсати донишкада дастаи волейболбозони бонувони донишкадаро барои соҳиб шудан ба мақоми аввал дар ин мусобиқаи вилояти самимона табрику таҳният мегӯяд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО